ВОХӮРИИ ИТТИЛООТӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР

Санаи 12 апрели соли 2023 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 дар деҳоти Ҳосилоти ҷамоати Мирзо-Ризои шаҳри Ҳисор бо хонандагони синфҳои болоии ин муассиса вохӯрии иттилоотӣ дар мавзӯи «Зуҳуроти зӯроварӣ дар оила ва усулҳои пешгирии он» дар доираи Лоиҳаи «Тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳифзи занони зери хатар ва ҷабрдидагони аз зӯроварӣ дар оила, дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ТҶ «Гендер ва тараққиёт» иштирок доштанд.Ҳадаф аз баргузории чорабинии иттилоотии мазкур ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон, таъкиди риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва назари дини ислом ба ин зуҳурот тариқи пур кардани пусишномаҳо назарсанҷӣ анҷом дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ назди хонандагон дар бораи зуҳуроти зӯроварӣ дар оила, намудҳои зӯроварӣ, омилҳои барои зуҳуроти зӯроварӣ мусоидаткунанда, усулҳои пешгирӣ ва рафъи зуҳуроти зӯроварӣ, рафти амалисозии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», назари дини ислом ба зуҳуроти зӯроварӣ шарту тавзеҳот дода шуданд.
Хонандагон дар рафти чорабинӣ фаъолона иштирок намуда, дар бораи намудҳои зӯроварӣ, шаклҳо ва сабабҳои ба миён омадани холатҳои зӯроварӣ ибрози назар намуданд.
Аз мазмуни пурсишномае, ки дар анҷоми мулоқот аз тарафи иштирокчиён пур карда шуд, маълум гардид, ки онҳо дар рафти чорабинии иттилоотӣ дар бораи намудҳои зӯроварӣ, сабабу омилҳои ба ин зуҳурот мусоидаткунанда, роҳу усулҳои пешгирии он, назари дини ислом ба зуҳуроти зӯроварӣ, инчунин дар бораи мақомот ва ниҳодҳое, ки ҳангоми дидани амалҳои зӯроварона метавон ба онҳо муроҷиат кард, маълумоти комил гирифтанд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонишини директори муассиса изҳор дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои ташаккул ёфтани насли наврасу ҷавон ва бунёди ҷомеаи бидуни хушунат муфид хоҳад буд.
#GenderAndDevelopment #GaD #GenderEquality #WomenEmpowerment #NoViolence #Tajikistan #ACTED

Leave a Reply

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *