Дар шаҳри Душанбе форуми миллии “Ҷавонон барои баробарии гендерӣ” баргузор гардид!

30 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” Форуми миллиро таҳти унвони “Ҷавонон барои баробарии гендерӣ” баргузор намуд. Форуми мазкур тибқи ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид – “Нури рӯшноӣ” ва дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Нуфуси Созмони Милали Мутаҳид (ЮНФПА) амалӣ гардид.

То замони баргузории форум, дар ноҳияҳои пилотии барнома (шаҳрҳои Душанбе, Исфара ва Ҳисор, ноҳияҳои Восеъ, Ёвон, Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров) миёни аҳолӣ ва фаъолон барои баррасии фикру пешниҳодҳо ва ташаббусҳои расидан ба баробарии гендерӣ ва масъалаҳои ба он марбут аз ҷониби гурӯҳи кормандони ташкилот форумҳо бо иштироки зиёда аз 300 ҷавонон баргузор карда шуданд.

Дар форуми миллӣ зиёда аз 50 нафар ҷавонон ва фаъолон аз 6 ноҳияҳои пилотии лоиҳа ва ш. Душанбе иштирок карданд.

Дар ифтитоҳи форум муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фируза Нуруллозода, таҳлилгари ЮНФПА оид ба солимии репродуктивӣ Равшан Тоҳиров ва роҳбари гурӯҳи машваратии ТҶШ дар назди ташаббуси “Нури рушноӣ” Гулҷаҳон Бобосидиқова суханронӣ намуданд.

Ҷавонони аз минтақаҳо ташрифоварда дар форум фикру ақида ва диди худро, ҳамзамон ташаббусу тавоноияшонро барои гузоштани саҳми худ дар пешбурди баробарии гендерӣ дар сатҳи маҳал, ибрози ақида ва барраси намуданд.

Ҳамзамон барои ғолиб донистани дастаи яккачини Тоҷикистон бо мақсади иштироки дар форуми байналлилалӣ, ки дар шаҳри Остона баргузор мегардад, ҷавонон ба 9 дастаҳо, иборат аз 4 нафарӣ тақсим шуданд ва ҳар даста дар вақтҳои муайян лоиҳаҳои худро дар назди ҳайъати доварон муаррифи карданд.

Ҳамин тавр, дастаи “Солимии равонӣ” сазовори ҷои сеюм, дастаи “Мардонагии мусбӣ сазовори ҷои дуюм ва дастаи “Тайёрии зану мард ба ҳаёти оилавӣ” сазовори ҷои якум ва соҳиби роҳхат барои иштирок дар форуми байналмиллалӣ шуданд.

Дар анҷоми кори форуми мазкур ба ҳамаи иштирокчиён тӯҳфаҳои хотиравӣ ва шаҳодатномаҳо барои иштироки фаъолона аз ҷониби масъулин тақдим карда шуд.

-“ИШТИРОК ДАР ЧОРАБИНИҲОИ ПУРРАИ ЛОИҲАИ МАЗКУР БА МАН ИМКОН ДОД, ПЕШ АЗ ҲАМА МАФКУРА ВА АҚИДАҲОИ ХУДРО ТАҒЙИР ДИҲАМ ВА МИЁНИ ДӮСТОНИ ХУД, МАХСУСАН ПИСАРОН, КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲИРО ОҒОЗ ВА ПУРЗУР НАМОЯМ. УМЕДВОРАМ ЧУНИН ЧОРАБИНИҲО МАҲЗ МИЁНИ МАРДОН ЗИЁДТАР КАРДА МЕШАВАНД” СУҲРОБҶОН СОДИҚОВ АЗ НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ, ВИЛОЯТИ СУҒД.

-“ИШТИРОКИ МАН ДАР ФОРУМИ МИЛЛИИ “ҶАВОНОН БАРОИ БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ” БА МАН ИМКОН ДОД ТО ДӮСТОНИ НАВ АЗ ДИГАР МИНТАҚАҲОРО ПАЙДО НАМОЯМ. ФОРУМ БА МАН ИМКОН ДОД, ТО ЯК ҚАДАМИ ДИГАР МОНАМ ВА ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛИМЛЛАЛИ, КИ ДАР ШАҲРИ ОСТОНА БАРГУЗОР МЕГАРДАД, БО ИФТИХОР ТОҶИКИСТОНРО МУАРИФИ НАМОЯМ!” МАН УМЕД ДОРАМ ДАР ОЯНДА МАСЪАЛАҲОИ БАРОБАРИРО АЗ ОИЛАИ ХУД ОҒОЗ МЕНАМОЯМ!” АЗИЗОВА САМИЯ АЗ НОҲИЯИ РӮДАКӢ.

-“БАҲОГУЗОРИ НАМУДАНИ 9 АҚИДАВУ АНДЕШАҲОИ ҶАВОНОН БАРОИ МО, АЪЗОЁНИ ҲАКАМОН, БИСЁР ДУШВОР БУД. ДАР ҲАР, ЯКИ ОНҲО НАВГОНИҲО ВА ТАШАББУСҲОИ НЕРӮИ ҶАВОНОН ЭҲСОС МЕГАРДИД. ТААСУРОТИ МАН НИСБАТИ НАСЛИ НАВСАС ҶАВОН КАЛОН ШУД ВА БОВАРИ АСТ, ОНҲО БАРОИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲО БА МО КУМАК ХОҲАНД КАРД. ГУЛҶАҲОН БОБОСОДИҚОВА, КОРШИНОСИ МАСОИЛИ ГЕНДЕРӢ.

Ташаббуси Нури рӯшноӣ — ин шарикии глобалии бисёрсола миёни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки барои хотима бахшидан ба ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон то соли 2030 равона шудааст.

#GlobalSpotlight#EUInternationalPartnerships#SpotlightEndViolence#unfpatajikistan#EuropeanUnioninTajikistan#EUinTajikistan#unintajikistan#WithHer

Leave a Reply

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *