Тренинги омӯзиши оид ба “Шаффофият ва ҳисобдиҳӣ дар фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Санаҳои 4-7 октябри 2023 Ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва тараққиёт” дар мавзӯи “Шаффоифият ва ҳисоботдиҳӣ дар фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ” тренинги омӯзиширо баргузор намуд. Омӯзиши мазкур дар доираи ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид – “Нури рӯшноӣ” ва дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Нуфуси Созмони Милали Мутаҳид (ЮНФПА) амалӣ гардид. Дар омӯзиш роҳбарон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Суғд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Рӯдакӣ, Ҳисор, Ёвон, Бохтар, Турсунзода ва Восеъ иштирок намуда, оид ба шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ аз фаъолияти кории худ савияи донишу малакаҳои худро баланд бардоштанд.

Ташаббуси Нури рӯшноӣ — ин шарикии глобалии бисёрсола миёни Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Миллали Муттаҳид мебошад, ки барои хотима бахшидан ба ҳама шаклҳои зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон то соли 2030 равона шудааст.

-“Баъди муҳокимаҳои зиёд дар машқҳои гурӯҳӣ ман ба як ақида омадам — шаффофиятро ба таври мухтасар ифода кардан ғайри имкон аст! Ман барои худ се мафҳуми шаффофиятро муайян кардам, ки онҳо ростқавлӣ, ошкорбаёнӣ ва одоб мебошанд”. Санавбар Раупова-директори ТҶ «Неърубахш» ш.Душанбе.

-“Дар ин доира омӯзонидани ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва роҳнамоии ҷомеаи шаҳрвандӣ ба таъминоти шаффофият аз чораҳои саривақтист ва ман ҳамчун ширкаткунандаи омӯзишӣ мазкур аз ин бо хушнудӣ истиқбол дорам. Таҷрибаи ташкилотҳои ҷамиятӣ ва усули корбарии тренерон дар омӯзиши мазкур ба манфиати фаъолияти минбаъдаи ман аҳамияти хоса хоҳад дошт. Донишҳои азхудкардаро барои фаъолияти минбаъда дар ташкилотамон истифода хоҳам бурд”. Эҳсон Каримов-директори ТҶ “Замон” аз шаҳри Исфара.

-“Ман зиёди аз 22 сол собиқаи корӣ дар ташкилоти ҷамъиятиро дорам. То ба имрӯз маълумоти даркориро оиди шаффофият ва супоридани ҳисоботро дар фаъоллияти кориам надоштам. Ин аввалин омузиши ман вобаста ба мавзуъи мазкур буд. Тренинги мазкур ба ман имкон дод, пеш аз ҳамаи масъулияти ба зиммаи худ ҳамчун роҳбар доштаро эҳсос намоям”. Абдуқаюмова Қаламниссо-директори ТҶ “Заршедабону” аз шаҳри Кӯлоб.

“Шаффофият ва ҳисобдиҳӣ дар фатлияти ташкилотҳои ҷамъияти яке аз мавзуҳои рӯзмарра ба шумор меравад ва дар фаъолияти кории мо муҳимияти зиёд дорад. Барои ман, методологияи баргузории тренинг хеле писанд омад. Тренерон малакаҳои тренериашонро хуб истифода бурданд ва иштирокчиён бисёр фаъол буданд, ки ин барои ман боз неъруи дигар медод”. Назаралиев Дилшод ТҶ “Ғамхорӣ” аз шаҳри Бохтар.

#GlobalSpotlight#EUInternationalPartnerships

#SpotlightEndViolenceb#unfpatajikistan

#EuropeanUnioninTajikistan#EUinTajikistan

#unintajikistan#WithHer

1 Comment

  1. Акмал
    27.08.2024 - 20:51

    Зур!

    Reply

Leave a Reply

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *