Дар арафаи таҷлили Рӯзи 8 март дар Маркази фарҳанги ноҳияи Яван, бо ташаббуси ТҶ «Сайераи Умед» ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Занон – ифтихори Яван» баргузор гардид.
Чорабинӣ дар доираи татбиқи Компоненти ташаббуси «Луч света» (ИА/СММ) таҳти унвони «Ташкили мактаби фаъолони гендерӣ, таҳияи стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ба тағйири рафтор дар самти зӯроварии гендерӣ мебарад ва татбиқи иқдомҳо дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбати занону духтарон» амалӣ шуд. Ин иқдомро сохтори СММ-Занон дар ҳамкорӣ бо шарики миллӣ — ТҶ «Гендер ва рушд» дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Ҳадафи асосии конфронс — намоиш додани таҷрибаҳои мусбат дар самти боло бурдани нақши занон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва рушди шахсӣ ва касбии онҳо буд.
Дар конфронс иштирок доштанд:
- Диана Исмоилова, ҳамоҳангсози барномаи СММ-Занон дар Тоҷикистон
- Марзия Байдуллоева, ҳамоҳангсози ташаббуси «Луч света»
- Вилоят Мирзоева ва Нозанин Расулова, кормандони ТҶ «ГиР»
- Намояндагони мақомоти иҷроия, шуъбаҳои занон ва оила, ҷавонон ва сайёҳӣ, муассисаҳои таълимӣ.
Ҳозирин бо дастовардҳои раҳбарони фаъоли ҷомеаи Яван шинос шуданд, аз ҷумла:
Тоҷиниссо Хӯҷабердиева, Зумрат Умматзода, Руҳия Раҳимова, Мамлакат Мардонова, Сулҳия Иззатуллоева, Шодиғул Мирзоева, Соҳиббегим Руштова ва Саяҳат Абдуллозода — ки намунаи занони муваффақу нерӯманди Тоҷикистон мебошанд.
Ташкилкунандагон як қатор наворҳои видеоиро омода карданд, ки дар онҳо зиндагӣ ва комёбиҳои қаҳрамонони интихобшуда намоиш дода шуд, аз ҷумла мушкилот ва стереотипҳои нисбати «ҷинси заиф», ки барояшон монеа эҷод мекарданд.
Марзия Байдуллоева дар суханронии худ иштирокчиёнро бо мақсад ва амалҳои ташаббуси «Луч света» шинос намуда, таъкид кард, ки чорабиниҳо дар ноҳияи Яван ба тағйири рафтори ҷомеа ва таҳаммулнопазирии сифр нисбат ба зӯроварии ҷинсӣ мусоидат менамоянд.
Диана Исмоилова таърихи пайдоиши Рӯзи байналмилалии занон — 8 мартро шарҳ дода, баргузории конфронсро рамзи пойбандӣ ба арзишҳои ҳифзи ҳуқуқи занон номид.
Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони озмуни расмкашӣ «Хонаи мо – оилаи бидуни зӯроварӣ», ки байни хонандагони мактабҳои миёна ва литсейҳои ноҳияи Яван баргузор гардида буд, бо сертификатҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тибқи натиҷаи ҳайати ҳакамон:
- Ҷойи аввал насиби Зӯҳал Искандарова — хонандаи литсейи давлатӣ №1 гардид
- Ҷойи дуюм — Бибиоминаи Шоҳинхон, синфи 9, мактаби миёна №46
- Ҷойи сеюм — Мануҷеҳри Ҷалолиддин, синфи 9, мактаби миёна №28







