03.12.2021
Форуми «Нақши ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди масъалаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон» як ташаббуси назаррас буд, ки дар доираи ҳамкории байни ТҶ “Ҷинсият ва рушд” ва Эътилофи “Аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии воқеӣ”, бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Конрад Аденауэр оид ба Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар доираи 16 рӯзи мубориза бо зӯроварӣ алайҳи занон ва духтарон баргузор гардид.














