Дастгирии ҳаракати занон ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ: таҷриба, натиҷаҳо, пешрафт

Ҷаласаи иттилоотии ниҳоӣ дар доираи ҷузъи шашуми ташаббуси «Луч света» ба майдони муваффақ барои муаррифии таҷрибаҳои беҳтарин ва натиҷаҳои назаррас дар самти дастгирии ҳаракати занон ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ табдил ёфт.

«Луч света» дар Тоҷикистон ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва СММ оид ба решакан кардани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон мебошад.

Чорабинии ниҳоӣ, ки 15 июли соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Серена» баргузор гардид, ба муаррифӣ ва баррасии натиҷаҳои назаррасе бахшида шуд, ки дар ҷараёни амалисозии мактаби фаъолони гендерӣ, таҳияи Стратегияи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо ҳадафи тағйир додани рафтор нисбати зӯроварии гендерӣ ва татбиқи иқдомоти стратегӣ дар самти пешгирии зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон ба даст оварда шуданд.

Ин маҷмӯи фаъолиятҳои машваратӣ ва амалиро сохтори СММ-Занон дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Гендер ва рушд» амалӣ намуд.

Дар чорабинӣ бенефисарҳо ва шарикони ташаббус фаъолона иштирок намуданд: намояндагони СММ ва Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, дафтарҳои кишварии СММ-Занон ва БРСММ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Шӯрои машваратии Барномаи «Луч света», Эътилофи ТҶ «Аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии воқеӣ», Шӯрои машваратии ТҶ вилояти Суғд, роҳбарону мутахассисони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО, аз ҷумла Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон.

Таъсиси мактаби фаъолони гендерӣ ва омӯзиши 20 мутахассис дар самти гендер яке аз натиҷаҳои муҳим гардид. Хатмкардагони мактаб донишу малакаҳои зарурӣ дар самти ҳуқуқ, механизмҳои амалишавӣ ва равандҳои мубориза бо зӯроварии гендериро аз бар намуданд. Таҷрибаи онҳо дар доираи тренингҳои каскадӣ ба зиёда аз 200 нафар (духтарон, занон ва мардон, аз ҷумла гуруҳҳои осебпазир — маъюбон, занони бо ВНМО зиндагикунанда, хонаводаҳои камбизоат) паҳн гардид.

Тавре Диана Исмоилова, ҳамоҳангсози барнома аз СММ-Занон қайд намуд, ин таҷрибаи арзишманд дар марҳалаи дуюми лоиҳа тавсеа хоҳад ёфт.

Ҳамкории созанда ва муассири як қатор ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба таҳияи Стратегияи ТҶ ва Нақшаи амал, ки ба тағйири рафтор дар масъалаи зӯроварии гендерӣ ва татбиқи иқдомоти пешгирикунанда равона шудаанд, мусоидат намуд. Коршиноси гендерӣ Гулнора Бекназарова қайд кард, ки ин ҳуҷҷат саъйи ҳамаи ташкилотҳоро муттаҳид менамояд. Зиёда аз 40 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ принсипҳои асосии Стратегияро пазируфта, кӯшиш доранд фаъолияти худро бо ҳадафҳои он ҳамоҳанг созанд.

Ба гуфтаи Марҳабо Олимӣ, ҳамоҳангсози барномаи «Луч света» аз Кумитаи кор бо занон ва оила, натиҷаҳои бадастомада ба амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва рушди иштироки занон дар раванди қабули қарорҳо мусоидат мекунанд.

Мудири лоиҳа Вилоят Мирзоева таъкид намуд, ки натиҷаҳои зикршуда маҳз бо шарофати ҳамкории зич бо сохторҳои давлатӣ, шарикони байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ дастрас шуданд, махсусан ба дастгирии ҳамаҷонибаи Кумита ва шӯъбаҳои он дар минтақаҳо.

Дастгирии грантӣ ба 6 лоиҳаи муҳим ва инноватсионӣ дар минтақаҳои пилотӣ равона шуда буд, ки ҳадафашон ташаккули рафтори нав бо таҳаммулнопазирии сифр нисбат ба зӯроварӣ ва табъиз нисбат ба занону духтарон буд. Зиёда аз 4000 нафар — хонандагон, донишҷӯён, фаъолон, кормандони давлатӣ ва намояндагони гурӯҳҳои осебпазир — дар чорабиниҳои амалии лоиҳа иштирок карданд.

Дар баробари ин, як силсила барномаҳо ва наворҳои видеоӣ тавассути радио, телевизион ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш гардиданд.

Наргис Саидова, директори ТҶ «Гендер ва рушд», қайд кард, ки чорабиниҳои иттилоотӣ ва омӯзишии лоиҳа ба бисёр занону духтарон кӯмак карданд, ки ба зиндагии худ аз дидгоҳи дигар назар андозанд ва талош намоянд, ки онро беҳтар созанд.

Амирбек Саидбеков, ҳамоҳангсози барномаҳои ИА дар Тоҷикистон, иброз дошт:
«Ҳамкории судманд ва заҳматҳои якҷояи шарикони байналмилалӣ ва миллӣ муҳити мусоидро барои зиндагии солими занону духтарон фароҳам оварда, пояи мустаҳкам барои марҳалаҳои минбаъдаи мубориза бо зӯроварӣ ва табъиз гардид».

Дар охири чорабинӣ маросими имзои Ёддошти тафоҳум доир ба ҳамкорӣ дар доираи шабакаи «Зиндагӣ бе зӯроварӣ» барои амалисозии Стратегияи тағйири рафтор ва иқдомҳои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон баргузор гардид.

Матни Ёддошт замима шудааст ва шабака барои узвияти нав боз аст.

Бо ҳама саволҳо вобаста ба амалисозии Стратегия ва узвият дар шабака, лутфан муроҷиат намоед ба:

Нақшаи кори шабака барои моҳи июл – декабри соли 2022 низ замима шудааст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *