Чорабинии ҷамъбастии ҳисоботӣ, ки бо муваффақият 15 июли соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Серена» баргузор гардид, ба муаррифӣ ва баррасии натиҷаҳои бадастомада дар ҷараёни амалисозии фаъолияти Компоненти 6 бахшида шуд, ки ба дастгирии ҳаракати занон ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи Иқдоми «Нури умед» равона гардида буд.
















