60 нафар сокинони ҷамоатҳои пилотии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Дӯстӣ донишу малакаҳои навро барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии худ, баланд бардоштани даромад ва фаъолона ширкат варзидан дар ҳаёти ҷомеаҳои худ дарёфт намуданд.
Дастгирии устуворӣ ва тавсеаи имкониятҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои оилаҳои муҳоҷирон яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳа мебошад, ки аз ҷониби СММ-Занон дар ҳамкорӣ бо ТҶ «Гендер ва рушд» дар вилояти Хатлони Тоҷикистон амалӣ мегардад. Лоиҳа бо маблағгузории Хазинаи эътимодбахши бисёрҷонибаи муҳоҷирати бехатар, мунтазам ва қонунии СММ (MMPTF) татбиқ шуда, ба дастгирии татбиқи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Ватан мондаанд, равона шудааст.
Бенефисарҳо ва шарикони лоиҳа, аз ҷумла «чемпионҳои» ГАЛС (GALS), ки як ҳафта омӯзиши методология ва василаҳои онро гузаштаанд, инчунин намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳо ва сарварони шӯроҳои маҳаллаҳо дар мизҳои гирдиш, ки дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Дӯстӣ баргузор гардиданд, ширкат варзиданд. Дар чорабинӣ ҳадафу вазифаҳои лоиҳа, механизмҳои амалисозии он ва самтҳои асосии ҳамкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ ва мушкилоте, ки аъзои оилаҳое, ки саробони онҳо дар муҳоҷират қарор доранд ва наметавонанд ё намехоҳанд аз оила пуштибонӣ кунанд, баррасӣ шуданд. Мутахассисони лоиҳа хусусиятҳои татбиқи методологияи ГАЛС-ро шарҳ дода, ба манфиатҳои истифодаи воситаҳои он дар рушди шахсӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Методологияи GALS (Gender Action Learning System) — як равандест, ки ба тавсеаи имкониятҳои шахс ё гурӯҳ мусоидат мекунад. Он системаи муайянсозии орзуҳо, ҳадафҳо, нақшаҳои амалӣ, тақсими меҳнат ва масрафот, раванди қабули қарорҳо ва беҳтар намудани муносибатҳоро дар бар гирифта, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шудааст.
Интизор меравад, ки гурӯҳи мураббиёни омӯзонидашуда аз ҷамоатҳои ҳадафии лоиҳа паҳнсозии донишҳои дарёфткардаро идома дода, миёни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ — аз ҷумла оилаҳои дар Тоҷикистон мондаи муҳоҷирон — силсилаи омӯзишҳоро доир намоянд.



