Дидгоҳи умумии Иқдоми «Шӯълаи нур» дар Тоҷикистон дар он ифода меёбад, ки занон ва духтарон аз ҳуқуқи худ ба зиндагӣ бе зӯроварӣ бархурдор бошанд.
Барнома ба аз байн бурдани зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ (ЗҶГ) тавассути қонеъ намудани эҳтиёҷоти занон ва духтарон ва бартараф намудани сабабҳои асосии зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон, бо истифодаи усули бисёрсекторӣ ва байнисекторӣ дар тамоми модели экологӣ мусоидат мекунад.
Иқдоми «Шӯълаи нур» пешрафти Тоҷикистонро барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори худ то соли 2030, махсусан дар самти ҲРУ 5 «Баробарии гендерӣ», инчунин ҲРУ 3 «Саломатӣ ва некӯаҳволӣ», ҲРУ 4 «Маорифи босифат», ҲРУ 10 «Коҳиши нобаробарӣ», ҲРУ 16 «Сулҳ, адолат ва муассисаҳои қавӣ» ва ҲРУ 17 «Шарикӣ» тезонида медиҳад.
Ин ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то солҳои 2016–2030 саҳм мегузорад ва ба иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи Платформаи амалии Пекин, тавсияҳои ниҳоии Кумитаи барҳам додани ҳама шаклҳои табъиз нисбат ба занон ва дигар ӯҳдадориҳои худ мусоидат мекунад.
Барнома бар принсипи асосӣ асос ёфтааст: Ҳеҷ касро қафо нагузор.
Ин чорабиниҳо бо мақсади фарогирии занон ва духтарони бештар канорагирӣшуда (сокинони деҳот, камбизоат, шахсони дорои маълулият/маҳдудиятҳо, гурӯҳҳои камҳимояи дигар), ки ба хатари бештари зӯроварии ҷинсӣ ва гендерӣ дучор мешаванд, инчунин гурӯҳҳое, ки бо шаклҳои гуногуни табъиз рӯ ба рӯ мешаванд, таҳия шудаанд.