Ура! Боз ба Мактаб!!!

25 апрели соли 2023, дар шаҳри Душанбе, дар меҳмонхонаи Румӣ, сессияҳои иттилоотӣ дар доираи Мактаби Фаъолони Гендерӣ (курси пешрафта) оғоз гардиданд. Ин Мактаб қаблан аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид — Занон, бо шарикӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Гендер ва рушд” ва бо дастгирии Кумитаи кор бо занон ва оила назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Иқдоми “Луч света дар Тоҷикистон” — ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва СММ оид ба решакан кардани зӯроварӣ нисбати занону духтарон — ташкил карда шуд.

26 апрел Мактаби Фаъолони Гендерӣ, ки барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таъсис ёфтааст, кори худро бо баррасии яке аз мавзуъҳои муҳим —
«Буҷетгузории ҳассос ба гендер (БҲГ): консепсияҳо, принсипҳо ва ҳадафҳо» — идома дод.

Тренингро мутахассисони миллии соҳаи гендер оид ба афзалиятҳои муҳими рӯз дар самти пешбурди буҷетгузории ҳассос ба гендер баргузор намуданд.
Интизор меравад, ки иштирокчиёни Мактаб дониш ва малакаҳои бадастомадаро дар амалияи кори худ дар сатҳи ҷомеа истифода мебаранд ва ба ҷорӣ намудани унсурҳои БҲГ дар раванди банақшагирӣ саҳм мегузоранд.

#UnitedNationsinTajikistan#EuropeanUnioninTajikistan

#GenderAdvocates#GenderActivism#GenderEquality#NoViolence#GenderAndDevelopment#GaD#Spotlight#SpotlightEndViolence#tajikistan

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *