Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (CAREC), ки аз ҷониби Бонки рушди Осиё (АБР) таъсис ёфтааст, ҷоизаҳои CAREC барои пешбурди баробарии гендерӣ дар соли 2023-ро эълон намудааст.
📅 Қабули пешниҳоди номзадҳо аз 1 август то 15 сентябри соли 2023 идома дорад.
Ҷоиза ба занон, мардон ва ташкилотҳое дода мешавад, ки ирода ва нақши фаъолро дар пешбурди баробарии гендерӣ ва ҳуқуқу имкониятҳои баробар дар ҷойи кор ва ҷомеа нишон додаанд.
Шахсони номзад бояд резиденти яке аз кишварҳои CAREC бошанд, ва ташкилотҳо бояд ҳадди аққал дар як кишвари CAREC фаъолият дошта бошанд.
Кишварҳои CAREC:
Озарбойҷон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Гурҷистон, Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Муғулистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон.
Ғолибон ба Форуми соҳибкорони занонаи CAREC, ки моҳи ноябри соли 2023 дар Гурҷистон баргузор мегардад, даъват хоҳанд шуд. Онҳо имкони табодули дониш, шабакасозӣ (нетворкинг) ва такмили малакаҳои роҳбарӣ хоҳанд дошт.
📢 Лутфан номзадиҳо аз шахсон ё ташкилотҳои арзандаро пешниҳод намоед ва/ё дар паҳн кардани ин даъват ба дигарон мусоидат намоед.
📄 Барои маълумоти бештар ва дарёфти шаклҳои дархост, ба саҳифаи CAREC оид ба гендер, ки бо англисӣ, русӣ ва хитоӣ дастрас аст, муроҷиат намоед.