
Соли ҷорӣ ду Мактаби нав ба фаъолият оғоз карданд: дар шаҳри Душанбе (барои ҷавонони ВМКБ, вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва НТҶ) ва дар шаҳри Хуҷанд (барои ҷавонон аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд).
«Дар Мактаби фаъолони гендерӣ ман дарк кардам, ки худ низ баъзе қолабҳои гендериро дорам, ки ба пешбурди баробарии гендерӣ халал мерасонанд. Дар оянда кӯшиш мекунам ин қолабҳоро дар ҷомеаи маҳаллии худ бартараф кунам — вале ҳатман аз худ сар хоҳам кард.»
— Гулноза Мамадалиева, ноҳияи Вахш, ментори Маркази фарҳангию маърифатии «Томирис», хатмкардаи МФГ барои ҷавонон дар шаҳри Душанбе.


— Хусрав Бобобеков, ноҳияи Ёвон, директори ТҶ «Сайёраи умед», хатмкардаи курси пешрафтаи МФГ.
«Мактаби Фаъолони Гендерӣ ба мо ёд дод, ки орзуҳоро ба ҳадаф табдил диҳем, ба мо кӯмак кард, то аҳамияти худро дар роҳи бартарафсозии нобаробарӣ дарк кунем, ҳассосияти гендерии моро баланд бурд ва ба мо эътимод бахшид, то ояндаи дурахшонро якҷоя созем — бо донишҳои нав ва шиносоии нав. Мо имконият доштем, ки ба муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ рафта, бо занони роҳбар вохӯрем.»
— Рухшона Ачилова, ш. Хуҷанд, донишҷӯ, хатмкардаи МФГ.
«Нафси ман иҷозат намедиҳад, ки аз мураббиёни аҷоибамон ёд накунам, аз баҳсҳои ҷолиб дар ҷараёни тренингҳо, аз вохӯриҳо бо коршиносон, муҳаққиқон, равоншиносон ва дигарон дар соҳаи ҳаракати занон. Мо бо таҷрибаҳои воқеии пешбурди баробарии гендерӣ шинос шудем. Мо миннатдори ҳама ҳастем, ки дари имконияту шиносоии навро ба рӯи мо боз карданд. Муҳимтар аз ҳама — мо оилаи наве пайдо кардем, ки бо он якҷо ба сӯи баробарии гендерӣ қадам мегузорем.»
— Нигора Валихоҷаева, ш. Душанбе, хатмкардаи курси пешрафтаи МФГ



Ба роҳатон муборак, хатмкардагони азиз! То вохӯриҳои навбатӣ!
Барои маълумот:
Ба иштирокчиёни МФГ шаҳодатнома супорида шуд:
– 15 нафар хатмкардагони курси пешрафта барои анҷом додани курси 48-рӯзаи омӯзиши амиқ;
– 36 нафар иштирокчиёни Мактаби ҷавонон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд барои хатми курси 20-рӯзаи шиносоӣ бо назарияи гендер, қонунгузорӣ ва амалия дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи занону духтарон, инчунин пешгирии зӯроварӣ, терроризм, экстремизм ва дигар хатарҳо.
#EuropeanUnioninTajikistan
#GenderAdvocates #GlobalSpotlight #EUinTajikistan #GenderActivism #GenderEquality #NoViolence #UNinTajikistan #GenderAndDevelopment #GaD #Spotlight #SpotlightEndViolence #Tajikistan #Нурирӯшноӣ #Лучсвета