Аз 7 то 10 октябр, ТҶ «Ҷинсият ва рушд» дар доираи татбиқи лоиҳаи «Пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо дастгирии Созмони “Занони СММ” дар Тоҷикистон ва маблағгузории Шуъбаи INL / Сафорати ИМА, мизи мудаввар дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Варзоб ва шаҳри Истаравшан баргузор намуд.
Дар чорабиниҳо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравӣ иштирок намуданд, ки намояндагони судҳо, прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ, шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон, маориф, корҳои дин, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Бюрои давлатии ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ», кормандони ҳуҷраҳои барқарорсозии тиббию иҷтимоӣ барои осебдидагон, раисони ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии ноҳияҳои мақсадноки лоиҳа буданд.
Дар мизҳои мудаввар ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Зарина Уракова — ҳамоҳангсози барномаҳои “Занони СММ дар Тоҷикистон” ва Наргис Саидова — директори ТҶ «Ҷинсият ва рушд» суханронӣ намуданд.
Иштирокчиён бо раванди татбиқи лоиҳа шинос шуданд, масъалаҳои таҳкими ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, такмили механизмҳои равонасозӣ барои расонидани кӯмак ва ҳимояи муассир ба осебдидагони зӯроварии гендерӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат, пешбурди баробарии гендерӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба зӯроварии гендерӣ ва зӯроварӣ нисбат ба занон баррасӣ гардиданд.
#UNWomen #GenderandDevelopment










