Тренинги дурӯза оид ба роҳбарии трансформатсионӣ дар ноҳияи Шаҳритус баргузор гардид

14–15 декабри соли 2023 дар ноҳияи Шаҳритус бо мақсади таҳкими қобилиятҳои роҳбарӣ, ташаккули мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ, рушди ташаббускорӣ ва соҳибкорӣ дар раванди иҷтимоисозии занон, тренинги дурӯза оид ба роҳбарии трансформатсионӣ баргузор гардид.

Ин тренинг дар доираи лоиҳаи «Пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварии гендерӣ нисбати занон ва духтарон дар Тоҷикистон» бо дастгирии сохтори Занони СММ, маблағгузории барномаи INL/Сафорати ИМА ва бо иҷрои ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва рушд» баргузор шуд.

Дар тренинг намояндагони бахши кор бо занон ва оила, шӯроҳои занон, ҷамоатҳо ва маҳаллаҳои ноҳияи Шаҳритус, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *