Аз 16 то 19 декабр, дар доираи лоиҳае, ки аз ҷониби Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) бо дастгирии молиявии Ҳукумати Британияи Кабир амалӣ мегардад, тренинги чоррӯза барои намояндагони ташкилотҳои ҷавонон баргузор гардид. Ҳадафи чорабинӣ — омӯзиши усулҳои муосири кор бо ҷавонон барои ҳалли масъалаҳое, ки бо меъёрҳои гендерӣ ва иҷтимоӣ вобастаанд.
Дар ҷараёни тренинг иштирокдорон бо равишҳои нав дар ҳамкорӣ бо ҷавонон ошно гардиданд, усулҳои самараноки кор бо мушкилоти стереотипҳои манфии гендерӣ ва рушди тафаккури интиқодӣ нисбат ба интизориҳои иҷтимоии анъанавиро омӯхтанд. Барномаи тренинг дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар гирифт, инчунин мубодилаи таҷриба бо коршиносон ва ҳамкасбонро фароҳам овард, ки ба иштирокдорон имконият дод дониши худро васеъ намуда, малакаҳои касбии худро такмил диҳанд.
“Ин тренинг қадами муҳиме дар роҳи тағйири дарки нақшҳои гендерӣ миёни ҷавонон гардид. Мо умедворем, ки донишҳои гирифташуда ба иштирокдорон кӯмак мекунанд, ки дар ҷомеаҳои худ самаранок кор кунанд ва ба тағйири рафтори ҷавонон таъсир расонанд, то эҳсоси баробарӣ ва эҳтиромро ташаккул диҳанд.”
Вилоят Маджидовна, тренер, коршиноси миллӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ
Назарҳои иштирокдорони тренинг:
“Тренинг ба ман имконият дод, ки ба бисёр чизҳо аз як нигоҳи дигар назар кунам. Ман дарк кардам, ки эҳтиром ба дигарон, новобаста аз ҷинс ё стереотипҳое, ки ҷомеа ба мо таҳмил мекунад, то чӣ андоза муҳим аст. Ин ҳам барои ман шахсан ва ҳам барои муҳити ман муфид буд.” – Сино
“Барои ман ҷолиб буд, ки фаҳмам, чӣ гуна стереотипҳо метавонанд моро маҳдуд созанд ва ба сохтани муносибатҳои солим халал расонанд. Ман итминон дорам, ки донишҳои гирифташударо дар зиндагии худ истифода мекунам ва онҳоро бо дӯстонам мубодила менамоям.” — Пайрав
“Ман ҳамеша фикр мекардам, ки мушкилоти гендерӣ ба ман дахл надоранд. Аммо ҳоло мефаҳмам, ки онҳо чӣ қадар ба зиндагии мо таъсир мерасонанд ва муҳокимаи онҳо то чӣ андоза муҳим аст. Ин тренинг ба ман воситаҳои воқеӣ дод, ки вазъро дар муҳити худ тағйир диҳам.” — Муҳаммад
Дар поёни тренинг иштирокдорон шаҳодатномаҳо дар бораи хатми муваффақонаи он гирифтанд. Ғайр аз ин, беҳтарин иштирокдорон имкони тренер шудан ва гузаронидани курсҳои монандро барои гурӯҳҳои дигар пайдо намуданд, то корашонро дар ин соҳаи муҳим ва зарурӣ идома диҳанд.
Ташкилкунандагон аз ҳамаи иштирокдорон ва коршиносон барои иштироки фаъолона ва таваҷҷуҳи баланд ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва гендерӣ изҳори сипос мекунанд. Тренинг як қадами муҳим дар пешбурди баробарӣ ва мубориза бо стереотипҳои манфӣ миёни ҷавонон гардид.
Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт», дар доираи лоиҳае, ки Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) бо дастгирии молиявии Ҳукумати Британияи Кабир амалӣ менамояд, ташкил карда шуд. Назари иброзшуда дар чорабиниҳои лоиҳавӣ ва/ё нашрияҳои лоиҳавӣ ҳатман нуқтаи назари расмии Ҳукумати Британияи Кабир ё ЮНФПА-ро инъикос намекунад.




