11-уми декабр дар шаҳри Душанбе мубоҳисаҳои навбатии ҷавонон баргузор шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 40 нафар намояндагони ташкилотҳои ҷавонон ширкат карданд. Мавзӯи асосии чорабинӣ масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, баробарӣ, адолати иҷтимоӣ ва мубориза бо стереотипҳои гендерӣ буд.
Дар ҷараёни мубоҳисаҳо иштироккунандагон доираи васеи масъалаҳоро муҳокима карданд, аз ҷумла табъиз аз рӯи ҷинс, ҳуқуқи занон ва таъсири урфу одатҳои мавҷуда ба рушди ҷомеа. Иштироккунандагон ба масъалаи таъсири меъёрҳои иҷтимоӣ ба зиндагии рӯзмарра таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, зарурати тағйирот дар низоми тарбия ва таълимро таъкид карданд. Ҳамзамон, аҳамияти татбиқи сиёсати ҳадафманд барои фароҳам овардани баробарӣ ва ҳамгироӣ қайд карда шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва тараққиёт» дар доираи лоиҳае, ки аз ҷониби Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) бо дастгирии молиявии ҳукумати Британияи Кабир амалӣ мегардад, ташкил карда шуд. Қайд кардан зарур аст, ки андешаҳои баёншуда дар чорабиниҳои лоиҳа ва/ё нашрияҳои лоиҳавӣ ҳатман мавқеи расмии ҳукумати Британияи Кабир ё ЮНФПА-ро инъикос намекунанд.




