4-уми декабр дар шаҳри Бохтар мунозираҳои ҷавонон баргузор гардиданд, ки ба мубориза бо меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ ва гендерӣ бахшида шуда буданд. Дар ин чорабинӣ зиёда аз 40 нафар, аз ҷумла намояндагони ташкилотҳои ҷавонон, фаъолон ва роҳбарони афкор, ки барои баррасии масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ҷамъ омада буданд, иштирок карданд.
Таваҷҷӯҳи асосии иштироккунандагон ба масъалаҳои никоҳҳои бармаҳал, адолати иҷтимоӣ, баробарӣ ва стереотипҳои гендерӣ равона шуда буд. Дар ҷараёни мунозираҳо муҳокима шуд, ки ин падидаҳо чӣ гуна имкониятҳои ҷавононро маҳдуд мекунанд ва ба рушди шахсият ва ҷомеа монеъ мешаванд. Махсусан, ба ҳуқуқи занон, табъиз аз рӯи ҷинс ва урфу одатҳои зараровар, ки ба пешрафт халал мерасонанд, диққати махсус дода шуд.
Саволи калидӣ таъсири меъёрҳои иҷтимоӣ ба зиндагии рӯзмарра буд. Иштироккунандагон зарурати тағйирот дар тарбияи насли наврас, раванди таълим ва таҳияи сиёсати ҳадафманд ба фароҳам овардани баробарӣ ва ҳамгироӣ таъкид карданд. Ҷавонони шаҳри Бохтар омодагии худро барои коркарди фаъолонаи арзишҳои адолати иҷтимоӣ ва баробарӣ, инчунин мусоидат ба тағйироти мусбат дар ҷомеа ва ҷамоатҳои худ изҳор карданд.
Ин чорабинӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Гендер ва рушд» дар доираи лоиҳае, ки аз ҷониби Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) бо дастгирии молиявии ҳукумати Британияи Кабир амалӣ мегардад, ташкил карда шуд. Зарур аст зикр шавад, ки андешаҳо, ки дар чорабиниҳои лоиҳа ва/ё нашрияҳои лоиҳавӣ баён шудаанд, ҳатман мавқеи расмии ҳукумати Британияи Кабир ё ЮНФПА-ро инъикос намекунанд.





