Мизи мудаввар оид ба пешгирии зӯроварии гендерӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Душанбе баргузор гардид

28 марти соли 2025, Душанбе — Дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар оид ба таҳлил ва такмили механизмҳои пешгирии зӯроварии гендерӣ дар ҳолатҳои фавқулода баргузор шуд. Ҳадафи чорабинӣ баррасии роҳҳои муассири ҳифзи занону духтарон ва таҳкими ҳамкории байни сохторҳои дахлдор буд.

Тавре таҷриба нишон медиҳад, дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ, низоъҳои мусаллаҳона ва дигар буҳронҳо сатҳи зӯроварии гендерӣ ба таври назаррас афзоиш меёбад. Занону духтарон дар чунин вазъиятҳо бештар осебпазир мегарданд ва ин ҳолат тадбирҳои фарогири пешгирӣ ва посухро талаб мекунад. Дар ҷараёни мизи мудаввар роҳҳои муассири ҳифзи амният ва ҳуқуқи занону духтарон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар чорабинӣ кори гурӯҳи махсуси корӣ муаррифӣ шуд, ки ҳоло дар самти таҳлили механизмҳои мавҷудаи пешгирии зӯроварии гендерӣ фаъолона фаъолият дорад. Гурӯҳ пешниҳодҳоеро таҳия намудааст, ки ба беҳтарсозии стратегияҳо ва амалияҳои мубориза бо зӯроварӣ дар ҳолатҳои буҳронӣ равона шудаанд.

Иштирокчиёни мизи мудаввар аҳамияти ҳамкории байниидоравӣ ва муттаҳид сохтани талошҳои сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматиро таъкид карданд. Дар муҳокимаҳо масъалаҳои нақши сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳамияти иттилоърасонӣ ва маърифати ҷомеа баррасӣ гардиданд.

Ҳамчунин, зарурати тақвияти чораҳои дастгирии қурбониёни зӯроварӣ ва рушди механизмҳои муассири посух ба ин гуна ҳолатҳо таъкид гардид. Иштирокчиён омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ ва тақвияти тадбирҳо дар ҳама сатҳҳо баён намуданд.

Мизи мудаввар аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷинсият ва рушд» бо дастгирии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳае, ки аз ҷониби Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) бо дастгирии молиявии Ҳукумати Британияи Кабир амалӣ мегардад, ташкил карда шуд.

Андешаҳои баёншуда дар чорабиниҳо ва нашрияҳои лоиҳа ҳатман мавқеи расмии Ҳукумати Британияи Кабир ё ЮНФПА-ро инъикос намекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *