Қадами нав дар пуштибонӣ аз ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ!

📍 4 апрели соли 2025 дар шаҳри Самарқанд Аввалин Саммити Иттиҳоди Аврупо – Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки дар он сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва намояндагони Иттиҳоди Аврупо ширкат варзиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ Эъломияи муштаракро имзо намуд, ки дар он аҳамияти стратегии шарикӣ ва рушди устувори минтақа таъкид гардидааст.

🟣 Дар эъломия нақши калидии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди волоияти қонун, ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ, озодии баён ва иттиҳод махсус қайд гардида, инчунин мубориза бо коррупсия ва тақвияти ниҳодҳои демократӣ зикр шудааст.

Иқтибос аз эъломия:

«Тарғиб ва ҳимояи волоияти қонун, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ арзишҳои муштараки бунёдӣ мебошанд. Таъмини озодии баён ва иттиҳод, муҳайё кардани муҳити мусоид барои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил, инчунин ҳимояи ҳомиёни ҳуқуқ дар меҳвари муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд.» (банди 16)

🔗 Ба Форуми ҷомеаи шаҳрвандии ИА – Осиёи Марказӣ ҳамчун платформаи муколама ва ҳамкорӣ миёни минтақаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст.

Барои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ — ин як сигнали муҳим ва имконияти иловагӣ барои иштирок дар ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, пешбурди барномаҳои худ ва тақвияти ҳамкориҳо мебошад.

📄 Бо матни пурраи Эъломияи муштарак метавон аз рӯйи пайванд шинос шуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *