Курсҳои омӯзиши касбӣ ҳамчун қадаме ба сӯи истиқлолияти иқтисодӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳо
Дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен курсҳои ройгон оид ба ошпазӣ, дӯзандагӣ ва тарроҳӣ барои 20 нафар занони аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазир оғоз шуданд.
Дар давоми ду моҳ иштирокчиён малакаҳои амалӣ меомӯзанд, ки ба онҳо барои беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ ва расидан ба истиқлолияти молиявӣ кӯмак хоҳанд кард.
📜 Пас аз анҷоми курсҳо, ҳар як иштирокчӣ шаҳодатнома мегирад, ки аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Ин шаҳодатнома имкониятҳои бештарро барои пайдо кардани ҷойи кор ё оғоз намудани фаъолияти соҳибкорӣ фароҳам меорад.
🌱 Ин курсҳо аз ҷониби ТҶ «САФИ» дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани шароити зиндагии занони осебпазир ва фарзандони онҳо дар Тоҷикистон» бо дастгирии TDH Олмон роҳандозӣ гардидаанд.
📣 Тавсеаи имкониятҳои иқтисодии занон – яке аз роҳҳои муҳими пешгирии зӯроварӣ ва табъиз мебошад. Амалӣ гардидани чунин лоиҳаҳо ба ояндаи амну устувори занон ва хонаводаҳои онҳо мусоидат мекунад.



