ЭЪЛОН ОИД БА ҶАЛБИ ЗАНОНИ ҶАВОНИ ҲУҚУҚШИНОС ДАР БАРНОМАИ ФЕЛЛОУШИП

Муҳтарам занони ҷавони ҳуқуқшинос!

Ташкилоти ҷамъиятии «Центр по правам человека» занони ҷавони ҳуқуқшиносро барои иштирок дар Барномаи Феллоушип даъват менамояд. Барномаи мазкур ба омӯзиши интенсивӣ ва ба даст овардани таҷрибаи касбӣ равона гардидааст, ки малакаҳои ҳуқуқии занонро дар Тоҷикистон рушд диҳад.

Феллоушип барномаест, ки иштирокчиёни он феллоуз (fellows) номида мешаванд ва имкон медиҳад, ки аз дониш ва таҷрибаи ҳуқуқшиносони варзида дар касби худ таҷриба гирифта, ба ин васила рушди касбии худро идома диҳанд. Баръакси барномаҳои коромӯзӣ, интизор аст, ки феллоуз инчунин дар асоси таҷрибаи амалии касбии худ дар муҳокимаи тавсияҳо иштирок намуда, ба тағйироти ҷомеа саҳм гузоранд.

Барномаи Феллоушип аввалин ташаббуси сохторёфта дар Тоҷикистон мебошад, ки ҳадафаш ба таври системавӣ баланд бардоштани малакаҳои ҳуқуқӣ ва эътимод ба худро дар насли занони ҷавони ҳуқуқшинос мебошад, ки дар оянда мутахассисони фаъол дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ дар бахшҳои давлатӣ, хусусӣ, ғайритиҷоратӣ ва илмӣ амалӣ мешаванд. Занони ҳуқуқшинос, ки дар ин барнома иштирок мекунанд (минбаъд – феллоуз) дар давоми 8 моҳ, таҳти роҳбарии ҳуқуқшинос ва адвокатҳои ботаҷриба дар ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии саросари кишвар ҳамкорӣ намуда,  роҳнамоии пайваста ва омӯзиш оид ба расонидани ёрии ҳуқуқии босифат ба занҳо, инчунин расонидани дастгирии умумӣ дар ҷараёни расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва фаъолиятӣ ҳуқуқӣ аз тарафи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ( минбаъд – ТҶШ) таҷрибаи амалӣ мегиранд. Илова бар ин, феллоуз дар таҳияи тадқиқотҳо бар асоси таҷрибаи касбии гирифташуда ҷалб мешаванд ва бо ин дар коркарди тавсияҳо, ки дар асоси далелҳо таҳия мешаванд, мусоидат менамояд.

Барномаи мазкур бо дастгирии Лоиҳаи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон “Дастгирии занон дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ”, ки аз ҷониби Барномаи Рушди СММ «Платформаи адолати гендерӣ» маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад.

Иштирок дар барнома имконият фароҳам меорад:

  • Дарёфти дониш дар соҳаҳои ҳуқуқи оилавӣ, маданӣ, манзилӣ, ҷиноятӣ ва дигар соҳаҳои ҳуқуқ;
  • Гирифтани таҷрибаи амалӣ дар таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ (аризаҳо, шикоятҳо, дархостҳо ва ғ.);
  • Рушди малакаҳои машваратдиҳии ҳуқуқии хаттӣ ва шифоҳӣ, иштирок дар мурофиаҳои судӣ;
  • Саҳм гузоштан дар ҷамъоварии маълумот оид ба ниёзҳои занони осебпазир дар дастрасӣ ба адолати судӣ;
  • Иштирок дар адвокасияҳо, ки ба далелҳо асосёфта, дар мизҳои мудаввар дар сатҳи миллӣ оид ба волоияти ҳуқуқ.

Талабот ба довталабон:

  • Маълумоти олии ҳуқуқӣ;
  • Синну сол аз 26 то 30 сола;
  • Ҳадди ақал 2 соли таҷрибаи кории ҳуқуқӣ пас аз хатми донишгоҳ.

Шартҳои иштирок дар Барномаи Феллоушип инҳоянд:

  1. Кор дар ҳайати ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ);
  2. Имзои шартнома, аз ҷумла розигӣ ба риояи кодекси этика;
  3. Иштирок дар омӯзиши 6-рӯза дар шаҳри Душанбе;
  4. Роҳнамоӣ аз ҷониби ҳуқуқшиносон дар минтақаҳо ва ҳадди ақал 20 соати корӣ дар як ҳафта, ки ба кори барнома бахшида шудааст.
  5. Расонидани ёрии ҳуқуқӣ;
  6. Омода намудани маводҳои таҳлилӣ дар асоси ёрии ҳуқуқии расонидашуда;
  7. Иштирок дар мизҳои мудаввар ва муҳокимаи тавсияҳо бо истифода аз маводҳои таҳлилии худ;
  8. Ҳамкорӣ бо феллоузҳои дигар, табодули таҷриба ва амалияи беҳтарин;
  9. Пешниҳоди мунтазами ҳисобот дар бораи фаъолият ва пешравии худ.
  10. Пур кардани махзани маълумот (база данных) оид ба хизматрасониҳои расонидашуда.

Центр по правам человека феллоузҳоро ба ТҶШ дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, Хатлон, НТҶ ва шаҳри Душанбе, вобаста ба эҳтиёҷи ташкилотҳо ва афзалиятҳои иштирокчиён, равона мекунад.

Центр по правам человека ҳавасманд мекунад, ки дархостҳоро аз занони дорои маъюбият ва инчунин занони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон қабул намояд.

Ҳуҷҷатҳои лозима:

  • Пур намудани анкета (дар шакли онлайн ва ё чопӣ)
  • Резюме
  • Нусхаи диплом
  • Нусхаи шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳлати қабули дархост: то 08 июни 2025 сол

Дархостро метавон ба таври зерин пешниҳод кард:

– онлайн бо чунин пайванд https://forms.gle/fKBjHL6Pr7qpK95Q8

 – равон намудани дархости пуршуда ба почтаи электронии hrc.tajikistan@gmail.com бо мавзӯи нома «Барномаи Феллоушип барои занони ҷавони ҳуқуқшинос». Барои пур кардани шакли ариза зеркашӣ кунед

 – пешниҳод намудани нусхаи чопшудаи дархост ба дафтари ТҶ «Центр по правам человека».

Маълумоти тамос: ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 59, блоки «Е», ҳуҷраи 225.

Телефон барои тамос: (+992) 933300307

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *