Аз 7 то 11 июл 2025 дар Душанбе мактаби тобистона барои ҳуқуқшиносони ҷавон оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 25 ҳуқуқшинос, мутахассис ва донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқи донишгоҳҳои Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Ҳадафҳои асосӣ: омӯзиши амиқ дар бораи стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқшиносон дар ҳифозат ва пешбурди ҳуқуқҳои асосӣ, баробарии гендерӣ ва муқовимат бо зӯроварии гендерӣ, ҳуқуқи инсон ва рақамисозӣ, ҳимояи ҳуқуқи кӯдак.
Тренерон ва мутахассисон коршиносон ва ҳуқуқшиносони сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ буданд.
Ташкилкунандагон: чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Роҳ ба сӯи адолат: таҳкими ҳуқуқи инсон тавассути пешгирии шиканҷа ва ислоҳоти низоми пенитенсиарӣ», бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо ва амалӣ аз ҷониби ОО «Дунёи ҳуқуқ» дар ҳамкорӣ бо Фонди Perspectivity баргузор гардид.